23 Апрел 2025 - 23:41
Source: Parstoday
Ҳамос чӣ гуна бо ҳуши расонаии худ Натаняҳуро замингир кард?

Як коршиноси умури низомии режими саҳюнистӣ бо ишора ба видеоҳое, ки муқовимати Фаластин дар бораи асирони саҳюнист мунташир мекунад, ба ташреҳи таъсироти ин иқдоми ҳӯшмандона пардохт.

Ба гузориши Порс Тудей, Изоми Абулъадас, таҳлилгару коршиноси умӯри низомии режими саҳюнистӣ бо ишора ба таъсироти видеоҳои мунташир шуда аз сӯи муқовимати Фаластин дар бораи асирони саҳюнист гуфт: Муқовимат масъалаи асирону фишори расонаиро бо заковату иқтидор ба пеш мебарад.

Вай таъкид кард: Видеоҳое, ки муқовимат мунташир мекунад, бисёр муҳим ҳастанду фурӯпошӣ ва ба ҳамрехтагии асиронро нишон медиҳад ва ҳомили ин паём барои саҳюнистҳо аст, ки замон дар ҳоли сипарӣ шудан аст.

Вай бо ишора ба замонбандии дурусти интишори видеоҳои муқовимат аз асирони саҳюнист таъкид кард: Муқовимат ҳамвора ба дунболи расондани ин паём ба ишғолгарон аст, ки бомбаборони ваҳшиёнаи Борикаи Ғазза омили кушта шудани шумори бештаре аз асирони саҳюнист хоҳад буд.

Ин коршиноси умӯри низомии режими саҳюнистӣ дар идома хостаи Бинямин Натаняҳу, нахуствазири ин режимро кушта шудани асирони саҳюнист дар Борикаи Ғазза донист ва гуфт: Натаняҳу хоҳони рафтори мушобеҳи ончӣ дар қиболи парванди Shaul Aaron ва Hadar Goldin ду асири саҳюнист дар гузашта анҷом додааст. Ӯ аз лаҳзаи аввал эълом кард, ки онҳо кушта шудаанд ва товонӣ барои онҳо надод ва ҳамакнӯн низ ба дунболи раҳоӣ аз шарри асирон аст.

Вай бо ишора ба ташдиди мухолифати низомиёни режими саҳюнистӣ бо тадовуми ҷанг алайҳи Борикаи Ғазза ва хостаи онҳо барои таваққуфи он гуфт: Бояд таваҷҷуҳ дошт, ки мухолифатҳои низомиёни захираи артиши режими Исроил бо тадовуми ҷангу лузӯми таваққуфи он фақат ба хотири бозгардондани асирони саҳюнист аз Борикаи Ғазза нест, балки ҳамчунин ба хотири баҳое аст, ки ин низомиён аз ҷанбаҳои мухталиф ҳам аз рӯҳӣ, иқтисодӣ ё иҷтимоӣ мепардозанд. Авзоъи низомиёни захираи артиши режими Исроил бар асос додаҳои матраҳ шуда, барои режими Исроил бисёр нигаронкунандааст ва илова бар коҳиши даромад, мавориди талоқ низ миёни онҳо зиёд шудааст. Натаняҳу шоҳиди фурӯпошии низомиёни захира аст, ки дар ин ҷанг рӯи онҳо ҳисоби вижа боз карда буд ва видеоҳои муқовимат ин мухолифатҳои артиши Исроил алайҳи Натаняҳуро ташдид хоҳад кард.

Ин коршиноси умӯри низомии режими саҳюнистӣ дар поён гуфт: Ба назарам иқдомот алайҳи Натаняҳу ташдид хоҳад шуд. Ҳарчӣ Натаняҳу бар доманаи иқдомоти худ алайҳи мухолифонаш биафзояд ба ҳамон мизон низ доманаи эътирозот густардатар ва хашинтар хоҳад шуд.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha